Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 541 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 4 қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"8. Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳангоми хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд ва нисбати онҳо ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии мазкур ("саҳмияи тиллоӣ") истифода бурда мешавад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" муайян мекунад.".

2. Дар моддаи 14:

- қисми 3 бо сархати дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Оинномаи ҷамъият бояд маълумот оид ба истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият ("саҳмияи тиллоӣ") дошта бошад.";

-сархати дуюм сархати сеюм ҳисобида шавад.

3. Ба моддаи 15 қисми 4 бо мазмуни Зайл илова карда шавад:

"4. Ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ворид намудани маълумот дар хусуси нисбат ба ҷамъият истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият ("саҳмияи тиллой") ва хориҷ намудани чунин маълумот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.".

4. Ба қисми 1 моддаи 41 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар ҳолатҳои истисноӣ мақоми ваколатдори танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад феҳристи саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад ва тибқи фаъолияти худ иншоотҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, пеш барад.".

5. Дар моддаи 52:

- ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об акционерных обществах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "Об акционерных обществах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007г., № 3, ст. 170; 2007г., № 3, ст. 170; 2008г., № 10, ст. 812) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 4 дополнить частью 8 следующего содержания:

"8. Особенности правового положения акционерных обществ, созданных при приватизации государственных предприятий и в отношении которых используется специальное право на участие Республики Таджикистан в управлении указанными акционерными обществами ("золотая акция"), определяются Законом Республики Таджикистан "О приватизации государственной собственности.".

2. В статье 14:

- часть 3 дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"Устав общества должен содержать сведения об использовании в отношении акционерного общества специального права на участие Республики Таджикистан в управлении указанным обществом ("золотая акция").";

- абзац второй считать абзацем третьим.

3. Статью 15 дополнить частью четвертой следующего содержания:

"4. Внесение в устав акционерного общества сведений об использовании в отношении общества специального права на участие Республики Таджикистан в управлении обществом ("золотая акция") и исключение таких сведений осуществляется на основании решения Правительства Республики Таджикистан.".

4. Часть 1 статьи 41 дополнить вторым предложением следующего содержания:

"В исключительных случаях уполномоченный орган по регулированию рынка ценных бумаг вправе вести реестр акционеров акционерных обществ, в которых имеется доля государства и которые по характеру своей деятельности считаются важными объектами.".

5. В статье 52:

...