Фармоиши Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2024, №1/37 "Дар бораи Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст"

Санаи амалкуни: 11.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1305


АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

 Дар бораи Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст
180.180.040.

Мутобиқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва банди 10 Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, №798 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ: 

1. Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» эътирофи имзои электрониеро, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, мувофиқи Тартиби мазкур ба роҳ монад.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед


 ш. Душанбе, аз 11 сентябри соли 2024, №1/37

 

Зарегистрированно Министерством юстиции

Республики Таджикистан от 4 октября 2024 года,

регистрационный номер 1305


АГЕНТСТВА ИННОВАЦИЙ И ЦИФРОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ ПРИПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке признания электронных подписей, созданных в соответствии с правом иностранного государства
180.080.040.

В соответствии со статьёй 35 Закона Республики Таджикистан «Об электронном документе и электронной подписи», и пунктом 10 Положения об Агентстве инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан, утвержденного указом Президента Республики Таджикистан от 27 марта 2024 года, №798,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

15. Утвердить Порядок признания электронных подписей, созданных в соответствии с правом иностранного государства (прилагается).

16. Управлению регулирования оборота электронного документа и электронной подписи совместно с Открытым акционерным обществом «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ» осуществить признание электронных подписей, созданных в соответствии с правом иностранного государства, в соответствии с настоящим Порядком.

17. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

18. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя директора агентства инноваций и цифровых технологий при президенте республики таджикистан – куратора отрасли. 



Директор Агентства инноваций
и цифровых технологий при
Президенте Республики Таджикистан       Мирзо Хуршед

 

г.Душанбе от 11 сентября 2024 года, №1/37