Фармоиши Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2025, № 1/12 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-уми сентябри соли 2025, №№ 13021,13051, 13071

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон

180.080.040.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 10 Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:


1.Ба Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2024, №1/22 «Дар бораи Қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми сентябри соли 2024-ум, №1302 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) бандҳои 71 , 72, 73 ва 74 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«71. Ҳамаи маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тавассути низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ирсол мегарданд, дар маркази ягонаи давлатии коркарди маълумот (минбаъд – маркази коркарди маълумот)-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказонидашуда нигоҳ дошта мешаванд.

...