Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369
Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 45) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"45) Сохтмони иншооти "Майдони Истиқлол".".
2. Номгӯи молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони иншооти "Майдони Истиқлол" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати молҳои барои объектҳои махсусан муҳим воридшавандаро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2020 № 484
ш. Душанбе
Замима
Замима
Замима
Замима
Замима ()