Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019 № 632 "Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад"

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189):

1. Номгӯйи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189).

2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:

- ҳисоботи молиявии семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189);

- ҳамасола то 31 декабри баъд аз соли ҳисоботӣ дурнамои фаъолияти корхона барои давраи миёнамуҳлат ва нақшаи молиявӣ бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;

- хулосаи аудити ҳатмии солона барои соли ҳисоботӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳлил ва мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилии ҷамъбастӣ пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189);

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади амалигардонии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:

- ҳисоботҳои семоҳа ва солона оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;

- ҳамасола то 31 декабри баъд аз соли ҳисоботӣ дурнамои фаъолияти корхона барои давраи миёнамуҳлат ва нақшаи молиявӣ бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;

- хулосаи аудити беруна барои соли ҳисоботӣ.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилии ҷамъбастӣ пешниҳод намояд;

- тартиби гузаронидани таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро муайян ва тасдиқ карда, хулосаи аудити берунаи онҳоро дар сомона ҷойгир намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008, № 454 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 декабри соли 2019 № 632

ш.Душанбе

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" декабри соли 2019, № 632

 

Номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад

 

1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"

2. Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"

3. Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"

4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"

5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"

6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"

7. Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишти Тоҷик"

8. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"

9. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"

10. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"

11. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"

12. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"

13. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"

14. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

15. Корхонаи воҳиди давлатии "Обу Корези Душанбе"

16. Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Хуҷандобуканал"

17. Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"

18. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи кимиёвӣ"-и шаҳри Исфара

19. Корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон"

20. Корхонаи фаръии давлатии "Алюминсохтмон"

21. Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону канадагии дорои маъсулияти маҳдуди "Апрелевка"

22. Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон"

23. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"

24. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Сангтӯда-1"

25. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"

26. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

27. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта"