Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Номгӯйи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) .
2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:
- ҳисоботи молиявии семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудаанд ;
- ҳамасола то 31 декабри баъд аз соли ҳисоботӣ дурнамои фаъолияти корхона барои давраи миёнамуҳлат ва нақшаи молиявӣ бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- хулосаи аудити ҳатмии солона барои соли ҳисоботӣ .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таҳлил ва мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилии ҷамъбастӣ пешниҳод намояд ;
...