ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 436; с. 2013, № 3, мод. 189, № 11, мод. 784; с. 2016, № 5, мод. 367)
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 746, аз 12.11.2013 № 1027, аз 14.05.2016 № 1316, аз 17.05.2018 № 1535, аз 13.11.2023 № 2009)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, ба низом даровардани буҷет ва гурӯҳбандии он, таҳия, ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои марказонидашудаи пулиро муайян, муносибатҳои молиявии байнибуҷетиро танзим намуда, мавқеи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар иштирокчиёни раванди буҷетиро дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, таҳияву тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои онҳоро муқаррар менамояд .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- молияи давлатӣ - маҷмуи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои ҷамъшудаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешаванд ;
- низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар раванди онҳо маблағҳои пулӣ ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд. Низоми молияи давлатӣ шакл ва усулҳои ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои пули давлатиро муайян менамояд;
- низоми буҷетӣ - маҷмуи буҷетҳои ҳама сатҳ, инчунин тартиби тахия, ташаккул, қабул ва иҷрои буҷети давлатӣ, ки ба муносибатҳои молиявӣ асос ёфта, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад
- буҷети давлатӣ - фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулии мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фондҳои мақсадноки буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- буҷети ҷумҳуриявӣ - шакли ташаккулёбӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои марбут ба салоҳияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ щудааст ;
...