ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1141
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1141
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 431
ҷонибдорӣ карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 431
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 436; с. 2013, №3, мод. 189, №11, мод. 784; с. 2016, №5, мод. 367; с. 2018, №5, мод. 286) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "маҷмӯи", "Маҷмӯи", "мӯҳлати", "мӯҳлат", "мӯҳлатҳои", "ӯҳдадории", "ӯҳдадорӣ", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳо", "ӯҳдадор" ва "ӯҳдадориҳое" мувофиқан ба калимаҳои "маҷмуи", "Маҷмуи", "муҳлати", "муҳлат", "муҳлатҳои", "уҳдадории", "уҳдадорӣ", "уҳдадориҳои", "уҳдадориҳо", "уҳдадор" ва "Уҳдадориҳое" иваз карда шаванд.
...