Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 189 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, №632"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, № 632

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019, № 632 "Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) номи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад";

2) аз муқаддима калимаҳои "бо мақсади амалигардонии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020" хориҷ карда шаванд;

3) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Номгӯйи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).";

4) дар банди 2:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"-ҳисоботи молиявии семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудаанд;";

- дар сархати сеюм калимаи "беруна" ба калимаҳои "ҳатмии солона" иваз карда шавад;

5) ба сархати якуми банди 3 пеш аз калимаи "мониторинги" калимаҳои "таҳлил ва" илова карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2019 года, №632

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2019 года, №632 "О крупных государственных предприятий и обществ, акции которых принадлежат государству" следующие изменения и дополнения:

1) название постановления изложить в следующей редакции:

"О крупных государственных предприятиях и хозяйствующих обществах, в уставном капитале которых доля государства составляет более 20 процентов";

2) из введения слова "в целях реализации Стратегии управления фискальными рисками государственных предприятий на 2016-2020 годы" исключить;

3) пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить Перечень крупных государственных предприятий и хозяйственных обществ, в уставном капитале которых доля государства составляет более 20 процентов (приложения 1, 2, 3 и 4).";

4) в пункте 2:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- квартальные, полугодовые, девятимесячные и годовые финансовые отчеты, подготовленные в соответствии с международными стандартами финансовой отчетности;";

- в абзаце третьем слово "внешнего" заменить словами "обязательного ежегодного";

5) абзац первый пункта 3 перед словом "мониторинг" дополнить словами "анализ и";

...