×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 112 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Санаи амалкуни: 30.07.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

(Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622, аз 3.09.1999 № 826, аз 10.05.2002 № 43, аз 9.12.2004 № 64, аз 30.07.2007 № 314)

(Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622, аз 3.09.1999 № 826, аз 10.05.2002 № 43, аз 9.12.2004 № 64, аз 30.07.2007 № 314)

Ин Қонун принсипҳои бароҳмонии- муомилоти асъорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳо ва вазифаҳои мақомоти давлатиро дар танзими асъор ва назорати асъор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеиро дар умури соҳиби, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъори, анҷом додани назорати асъор ва ҷавобгари барои вайронкунии қонуни асъор муайян мекунад.

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси

Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун истифода мешаванд, маъниҳои зайл доранд:

1. "Асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон":

а) асъоре, ки дар шакли билетҳои бонкии (пули коғазии) Бонки миллии Тоҷикистон ва тангаҳо дар муомилот қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622);

б) маблағҳо бо сомони, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуданд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 43).

2. "Коғазҳои қиматнок бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ҳуҷҷатҳои пардохти (чекҳо, векселҳо, аккредитивҳо, супоришот ва ғайра), сарватҳои фонди (саҳмияҳо, вомбаргҳо) ва дигар ӯҳдадориҳои қарзи, ки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд.

3. "Асъори хориҷи":

а) аломатҳои пули дар шакли билетҳои бонк, пули коғази ва тангаҳо, ки дар муомилот қарор доранд ва воситаҳои қонунии пардохт дар давлати дахлдор мебошанд, инчунин аломатҳои пули, ки аз муомилот гирифта шудаанд ё гирифта мешаванду вале қобили ивазкуни ҳастанд;

...

 Утратил силу в редакции Закона РТ от 13.06.2013 года, № 964

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О валютном регулировании и валютном контроле"

(в редакции Законов РТ от 22.05.1998года, № 622, от 3 сентября 1999 г. № 826, от 10 мая 2002 г. № 43, от 9 декабря 2004г.N64, от 30 июля 2007г.№314)

(в редакции Законов РТ от 22.05.1998года, № 622, от 3 сентября 1999 г. № 826, от 10 мая 2002 г. № 43, от 9 декабря 2004г.N64, от 30 июля 2007г.№314)

Настоящий Закон определяет принципы осуществления валютных операций в Республике Таджикистан, полномочия и функции государственных органов в валютном регулировании и валютном контроле, права и обязанности юридических и физических лиц в отношении владения, пользования и распоряжения валютными ценностями, направления валютного контроля и ответственность за нарушение валютного законодательства.

РАЗДЕЛ I. ОБЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ

Статья 1. Основные понятия

Понятия, используемые в настоящем Законе, означают следующее:

1. "Валюта Республики Таджикистан"

а) находящаяся в обращении валюта в виде банковских билетов (банкнот) Национального банка Таджикистан и монет;

б) средства в сомони на счетах и во вкладах в банках и других небанковских финансовых организациях в Республике Таджикистан и за её пределами(Закон РТ от 10.05.2002 г. №43)".

2." Ценные бумаги в валюте Республики Таджикистан" - платежные документы (чеки, векселя, аккредитивы, поручения, и т.д.), фондовые ценности (акции, облигации) и другие долговые обязательства, выраженные в валюте Республики Таджикистан.

3. "Иностранная валюта":

а) денежные знаки в виде банкнот, казначейских билетов и монет, находящиеся в обращении и являющиеся законным платежным средством в соответствующем иностранном государстве, а также изъятые или изымаемые из обращения, но подлежащие обмену денежные знаки;

...