Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995 №21, мод. 251; с.1997, №23-24, мод. 333; с.1998, №10, мод.119; с.1999, № 9, мод. 230; с.2002, №4 қ.1, мод. 284) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 1:

- банди 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"9. Амалиёти ҷории асъорӣ:

а) интиқол ва пардохт бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоббаробаркуниҳои содирот ва воридоти мол, кор ва хизматрасонӣ (аз ҷумла, дар соҳаҳои туризм, тиб ва маориф), инчунин барои ҳисоббаробаркуниҳои ба кори механизмҳои кӯтоҳмуддати бонкӣ ва қарзӣ вобаста буда;

б) интиқол ва пардохти фоизҳо, суди саҳмия (дивидент) ва даромадҳои дигар аз рӯи пасандозҳо, маблағгузориҳо, кредитҳо ва амалиёти дигар, ки бо ҳаракати сармоя вобаста аст, аз ҷумла пардохти маблағҳои маҳдуд ба ҳисоби бозпардохти қарзҳо ё ба ҳисоби истеҳлоки сармоягузориҳои мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) интиқол ва пардохтҳои дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла интиқол ва пардохти музди меҳнат, нафақа, алимент, мерос, маблағҳои маҳдуд барои хароҷоти ҷории оилаҳо, инчунин дигар амалиёти ба ин монанд";

- дар банди 11 калимаҳои "асъори онҳо" ба калимаи "асъор" иваз карда шаванд;

- банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"13. Нуқтаҳои мубодила (ё бюро) муассисаҳои мубодилавии бонкҳои ваколатдор, дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор ва шахсони воқеӣ мебошанд, ки дар онҳо бевосита амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақдинаи хориҷӣ гузаронида мешаванд. Тартиби кушодани нуқтаҳои мубодила (ё бюро) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд".

2. Дар қисми 3 моддаи 2, қисми 6 моддаи 6 ва қисми 5 моддаи 8 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 2 моддаи 4 калимаҳои "нуқтаҳои мубодилаи онҳо" ба калимаҳои "нуқтаҳои мубодила" иваз карда шаванд.

...

              Утратил силу в редакции Закона РТ
                     от 13.06.2013 года, № 964

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О валютном регулировании и валютном контроле"

Статья 1.

В Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года "О валютном регулировании и валютном контроле" (Ведомости Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г. №21, ст.251; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г. №23-24, ст.ЗЗЗ; 1998 г. №10, ст. 119; 1999 г. №9 ст. 230; 2002 г. №4, ч.1, ст. 284) внести следующие изменения:

1. В первой части статьи 1:

- пункт 9 изложить в следующей редакции:

"9. Текущие валютные операции:

а) переводы и платежи в Республику Таджикистан и из Республики Таджикистан в иностранной валюте для осуществления расчетов по экспорту и импорту товаров, работ и услуг (в том числе в области туризма, медицины и образования), а также для осуществления расчетов, связанных с работой краткосрочных банковских и кредитных механизмов;

б) переводы и платежи в Республику Таджикистан и из Республики Таджикистан процентов, дивидендов и иных доходов по вкладам, инвестициям, кредитам и прочим операциям, связанных с движением капитала, в том числе выплаты умеренных сумм в счет погашения ссуд или в счет амортизации прямых инвестиций;

в) переводы и платежи некоммерческого характера в Республику Таджикистан и из Республики Таджикистан, включая переводы сумм заработной платы, пенсий, алиментов, наследства, умеренных сумм на текущие расходы семей, а также другие аналогичные операции";

- в пункте 11 слово "их" исключить;

- пункт 13 изложить в следующей редакции:

"13. Обменные пункты (или бюро) - обменные конторы уполномоченных банков, других уполномоченных небанковских финансовых организаций и физических лиц, в которых непосредственно проводятся обменные операции с наличной иностранной валютой. Порядок открытия обменных пунктов (или бюро) определяется нормативными правовыми актами Национального байка Таджикистана".

2. В части 3 статьи 2, части 6 статьи 6 и части 5 статьи 8 слова "Таможенным комитетом при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Министерством по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан".

...