ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024
№ 2075)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд (№ 2075).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) Асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ.
2) Пули миллӣ - сомонӣ, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст.
3) Сарватҳои асъорӣ:
- асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо асъори хориҷӣ ифодаёфта;
- пули миллӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо пули милли ифодаёфта танҳо ҳангоми бо онҳо анҷом додани амалиёт байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ва ё байни ғайрирезидентҳо.
4) Танзими асъор - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва ташкилии мақомоти давлатӣ, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муқаррар менамоянд.
5) Назорати асъор - маҷмӯи чораҳои меъёрӣ, маъмурӣ ва ташкилие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти дигари бо қонун ваколатдоршуда бо мақсади таъмини риояи тартиби иҷрои амалиёти асъорӣ ва санҷиши онҳо анҷом дода мешаванд.
6) Амалиёти асъорӣ:
...