ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, моддаи 251; с.1997, № 23-24, мод. 333; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 1999, № 9, мод. 230) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "муассисаҳои кредитӣ" ба калимаҳои "дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ", калимаи "муомилот" (бо истиснои банди 2 моддаи 3) ба калимаи "амалиёт" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- зербанди "б" банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
б) маблағҳо бо сомонӣ, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуданд".
- бандҳои 11 ва 13 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"11. "Бозори дохилии асъор" - бозорест, ки аз бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор, нуқтаҳои мубодилаи асъори онҳо ва биржаҳои асъор иборат аст.
13. "Нуқтаҳои мубодила (ё бюро) - муассисаҳои мубодилавии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор мебошанд, ки дар онҳо бевосита амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақдинаи хориҷӣ гузаронида мешаванд".
3. Банди 4 моддаи 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"4. Аҳдҳое, ки хилофи талаботи Қонуни мазкур баста шудаанд, беэътибор мебошанд. Шахсоне, ки чунин аҳдҳоро мебанданд, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд."
4. Сарсатри сеюми банди 1 моддаи 3 хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 4:
...