Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи " CASA - 1000" аз 27 июли соли 2016 № 328

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 июли соли 2016, № 328

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 июли соли 2016, № 328

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000"

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ ба истифодаи суратҳисоби мақсаднок барои таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳои молиявие, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин тартиби истифода намудани маблағҳои пулӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA - 1000" (минбаъд - Низомнома) тибқи талаботи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз 24 апрели соли 2015 баимзорасида, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2015, № 286 тасдиқ шудааст ва Ссзишномаи кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 1 августи соли 2015 баимзорасида, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2015, № 291 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Мақсади Низомнома таъмин намудани шаффофияти идоракунии маблағҳо ва муайян намудани талаботи асосӣ ба истифодаи маблағҳое, ки ба суратҳисобҳои мақсаднок аз содироти неруи барқ ворид мешаванд, инчунин таъмини истифодаи мақсадноки ин маблағҳо мебошад.

3. Дар Низомнома таҳти мафҳуми "Суратҳисоби мақсаднок" суратҳисоб бо доллари ШМА, ки даромади фоизӣ меоварад, фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби Содироткунанда тибқи банди 9 Низомнома кушода мешавад (минбаъд - "суратҳисоби мақсаднок").

4. Амали Низомнома барои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва ворисони ҳуқуқӣ ва сессионарҳои он (минбаъд - "Содироткунанда") дахл дорад.

5. Вазифаҳои асосии суратҳисоби мақсаднок инҳо мебошанд:

а) муқаррар намудани усулҳои истифодаи маблағҳои пулӣ, ки аз содироти неруи барқ ворид мешаванд;

б) таъмин намудани шаффофият ҳангоми содироти неруи барқ;

в) аз байн бурдани эҳтимолияти истифодаи ғайримақсаднок ҳангоми тақсимоти маблағҳо аз содироти неруи барқ;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 июля 2016 года, № 328

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 июля 2016 года, № 328

Положение об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000"

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение об основных требованиях к использованию целевого счета для обеспечения прозрачности управления финансовыми средствами, поступающими от экспорта электроэнергии, а также о порядке использования денежных средств в рамках регионального проекта передачи электроэнергии "CASA-1000" (далее-Положение) разработано в соответствии с требованиями Грантового соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Международной ассоциацией развития от 24 апреля 2015 года, ратифицированным постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 24 декабря 2015, №286 года и Гарантийного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Европейским банком реконструкции и развития от 1 августа 2015 года, ратифицированным постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 24 декабря 2015 года, №291.

2. Целью Положения является обеспечение прозрачности управления финансовыми средствами и определение основных требований к использованию средств, поступающих на целевые счета от экспорта электроэнергии, а также обеспечения целевого использования данных средств.

3. В Положении под "целевым счетом" понимается приносящий процентный доход счет в долларах США, открываемый Экспортером в соответствии с пунктом 9 Положения (далее - "целевой счет"),

4. Действие Положения распространяется на Открытую акционерную холдинговую компанию "Барки Точик" и её правопреемников и цессионариев (далее - "Экспортер").

5. Основными задачами целевого счета являются:

а) установление способов целевого использования денежных средств, поступающих от экспорта электроэнергии;

б) обеспечение прозрачности при экспорте электроэнергии;

в) устранение вероятности нецелевого использования при распределении средств от экспортной продажи электроэнергии;

...