Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 № 103 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ"

Санаи амалкуни: 01.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 376 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.12.2012 № 725)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.12.2012 № 725)

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва таъмини иҷрои Барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои замимашудаи энергияи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ ва аз 1 апрели соли 2012 ҷорӣ карда шавад.

2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2010 "Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намоянд.

3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

- аз 29 декабри соли 2009, № 678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ";

- аз 19 майи соли 2010, № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида";

- аз 12 марти соли 2011, № 149 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 3 июни соли 2011, № 292 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г., № 376

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О тарифах на электрическую и тепловую энергию

(в редакции Постановления Правительства РТ от 13.12.2012г.№ 725)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 13.12.2012г.№ 725)

В соответствии со статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях содействия развитию электроэнергетической отрасли страны и обеспечения выполнения Программы стратегии реформ в энергетическом секторе, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить и ввести в действие с 1 апреля 2012 года прилагаемые тарифы на электрическую и тепловую энергию, отпускаемую Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" потребителям.

2. Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" внести соответствующие изменения в Прейскурант № 09-01-2010 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию" в соответствии с настоящим постановлением.

3. Признать утратившими силу нижеследующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 29 декабря 2009 года, №678 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию";

- от 19 мая 2010 года, №259 "О сезонных тарифах на электрическую энергию для отдельных потребителей";

- от 12 марта 2011 года, №149 "О сезонных тарифах на электрическую энергию для водопроводных насосов, насосных станций машинного орошения и ремонтно-производственных баз Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан";

- от 3 июня 2011 года, №292 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

...