Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 № 376 "Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 417 аз эътибор соқит дониста шуд.  

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва таъмини иҷрои Барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2012 "Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти зиёд шудани тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ, манбаҳои маблағгузориро барои ташкилотҳои аз буҷет маблағгузоришаванда дарёфт намуда, барои маблағгузорӣ дар соли 2014 таклиф пешниҳод кунад ва дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 1 марти соли 2012, № 103 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ";

- аз 21 июли соли 2012, №370-15 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №103";

- аз 13 декабри соли 2012 № 725 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №103".

5. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 1 октября 2016 года, № 417

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О тарифах на электрическую и тепловую энергию

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О естественных монополиях", статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях содействия развитию электроэнергетической отрасли страны и обеспечения выполнения Программы стратегии реформ в энергетическом секторе, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить и ввести в действие прилагаемые тарифы на электрическую и тепловую энергию, отпускаемую Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" потребителям (прилагается).

2. Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" внести соответствующие изменения в Прейскурант №09-01-2012 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию" в соответствии с настоящим постановлением.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан, с учётом повышения тарифов на электрическую и тепловую энергию изыскать источники финансирования для организаций, финансируемых из бюджета, представить предложения о финансировании в 2014 году и предусмотреть необходимые средства в проекте Государственного бюджета на последующие годы.

4: Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 1 марта 2012 года, №103 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию";

- от 21 июля 2012 года, №370-15 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2012 года, №103";

- от 13 декабря 2012 года, №725 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2012 года, №103".

5. Настоящее постановление ввести в действие с 1 июля 2014 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

Председатель

...