Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дасттирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ дар мавсими тобистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Сархати дуюми банди 3) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2011, № 149 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.
2) Ба ҷадвали Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259 тасдиқ шудааст, банди 2 тибқи замима илова карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2011 № 292
ш. Душанбе
аз 3 июни соли 2011 № 292
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2011, № 292
Замима
...