Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010 № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида"

Санаи амалкуни: 15.11.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.03.2012 № 103 беэътибор дониста шуд 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.03.2011 № 149, аз 3.06.2011 № 292, аз 15.11.2011 № 570)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.03.2011 № 149, аз 3.06.2011 № 292, аз 15.11.2011 № 570)

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ дар мавсими тобистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида тасдиқ ва аз 1 майи соли 2010 мавриди амал қарор дода шаванд (замима мегарданд).

2) Тарифи имтиёзнок барои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар давраи моҳҳои май-сентябр бе дарназардошти меъёри барқи истифодашаванда татбиқ карда шавад" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.11.2011 № 570).

3) Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" пардохти саривақтӣ ва пурраи ҳаққи истифодаи энергияи барқро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.03.2011 № 149).

4) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи №09-01-2010 "Тарифҳо барои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйироти дахлдор ворид намоянд.

5) Дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 № 678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тасдиқ карда шудаанд:

- банди 2 хориҷ карда шавад;

- аз банди 4 калимаҳои "насосҳо ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

          Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ

                        от 01.03.2012г., №103

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О сезонных тарифах на электрическую энергию для отдельных потребителей

(в редакции Постановления Правительства РТ от 12.03.2011г.№149, от 3.06.2011г.№292, от 15.11.2011г.№570)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 12.03.2011г.№149, от 3.06.2011г.№292, от 15.11.2011г.№570)

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О естественных монополиях" и в целях эффективного использования водных ресурсов, необходимости регулирования электричества внутри республики, поддержки реального сектора экономики, также рационального использования электрической энергии в летний период Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить и ввести в действие с 1 мая 2010 года тарифы на электрическую энергию для отдельных потребителей (прилагается).

2) Установить льготный тариф для Государственного унитарного предприятия "Таджикская Алюминиевая Компания" в период месяцев май-сентябрь без учета нормы потребления электрической энергии (в редакции постановления Правительства РТ от 15.11.2011г. №570).

3) Государственному унитарному предприятию "Таджикская Алюминиевая Компания" обеспечить полную и своевременную оплату за используемую электроэнергию(в редакции Постановления Правительства РТ от 12.03.2011г.№149).

4) Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" внести соответствующие изменения в Прейскурант №09-01-2010 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию" согласно настоящему постановлению.

5) В тарифах на электрическую и тепловую энергию, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2009 года №678 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию" исключить:

- пункт 2;

- из пункта 4 слова "насосы и насосные станции машинного орошения".

...