ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.612; с.2015, №11, мод.973)
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551, аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳо, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистонро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғурта - муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ;
- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад );
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзие, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад ;
...