Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1252 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2015, № 159

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 139

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 612) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати ҳафтуми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- пасандозҳои суғурташуда - пасандозҳое, ки тибқи Қонуни мазкур объекти ҳатмии суғурта мебошанд;".

2. Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Ташкилоти қарзӣ бояд ҳар семоҳа ба андозаи 0,25 фоизи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеии дар ташкилоти қарзӣ мавҷудбуда, ки суғурта мешаванд, ба истиснои пасандозҳои шахсони воқеии дар моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, бо пули миллӣ пардохтҳои тақвимии бебозгаштро пардохт намояд.".

3. Номи Боби 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. ОБЪЕКТИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. АНДОЗА ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТА АЗ РӯИ ПАСАНДОЗҲО".

4. Моддаи 21(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 21(1). Объекти ҳатмии суғурта

ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ оид ба баргардонидани пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ гузоштаи шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар сурати барҳамдиҳии маҷбурии он, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои пардохтии маош ва нафақа ва ё дафтарчаи амонат тасдиқ шудаанд, объектҳои ҳатмии суғуртакунӣ ба ҳисоб мераванд.".

5. Дар қисми 1 моддаи 22 рақам ва калимаҳои "7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ" ба рақам ва калимаҳои "350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1252

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТРАХОВАНИИ СБЕРЕЖЕНИЙ ФИЗИЧЕСКИХ ЛИЦ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 15 октября 2015 года,№ 159

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 139

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года "О страховании сбережений физических лиц" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 612) следующие изменения и дополнение:

1. Абзац седьмой статьи 1 изложить в следующей редакции:

"- застрахованные сбережения - сбережения, которые согласно данному Закону являются обязательным объектом страхования;".

2. Часть 1 статьи 16 изложить в следующей редакции:

"1. Кредитная  организация ежеквартально должна выплачивать  безвозвратные календарные взносы в размере 0,25 процентов среднего  остатка за предыдущий квартал, сбережений физических лиц, имеющихся  в кредитных организациях, подлежащих страхованию в национальной  валюте, за исключением сбережений физических лиц, указанных в статье 24 настоящего Закона.".

3. Название Главы 5 изложить в следующей редакции:

"ВКЛАДЧИКИ В СИСТЕМЕ СТРАХОВАНИЯ СБЕРЕЖЕНИЙ. ОБЪЕКТ СТРАХОВАНИЯ СБЕРЕЖЕНИЙ. ВЕЛИЧИНА И ПОРЯДОК ОПЛАТЫ СУММЫ СТРАХОВОГО ВОЗМЕЩЕНИЯ ПО СБЕРЕЖЕНИЯМ".

4. Дополнить статьей 21(1) следующего содержания:

"Статья 21(1). Обязательный объект страхования

Обязательными объектами страхования считаются обязательства кредитной организации по возврату размещенных на банковских счетах сбережений физических лиц в национальной и иностранной валютах в случае её принудительной  ликвидации, которые подтверждаются договорами банковского вклада и (или) банковскими счетами зарплатных и пенсионных платежных карт и (или) сберегательными книжками.".

5. В части 1 статьи 22 цифры и слова "7000 (семь тысяч) сомони" заменить цифрами и словами "350 (триста пятьдесят) показателей для расчетов".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1252