×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 758 "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо"

Санаи амалкуни: 15.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.612; с.2015, №11, мод.973)

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551, аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961)

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551, аз 24.12.2022 № 1943, аз 15.03.2023 № 1961)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳо, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистонро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1961).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- суғурта - муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ;

- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551аз 15.03.2023 № 1961);

- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;

- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзие, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551аз 15.03.2023 № 1961));

...

Редакцию Закона РТ от 15.03.2023 №1961 ввести в действие по истечении 3 месяцев после официального опубликования

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О СТРАХОВАНИИ ДЕПОЗИТОВ И СБЕРЕЖЕНИЙ"

(в редакции Закона РТ от 15.03.2023 №1961)

(в редакции Закона РТ от 15.03.2023 №1961)

(в редакции Закона РТ от 23.11.2015г.№1252, от 03.08.2018г.№1551, от 24.12.2022 №1943, от 15.03.2023 №1961)

(в редакции Закона РТ от 23.11.2015г.№1252, от 03.08.2018г.№1551, от 24.12.2022 №1943, от 15.03.2023 №1961)

Настоящий Закон устанавливает правовые, организационные и финансовые основы функционирования системы обязательного страхования депозиты и сбережений, в том числе порядок создания и деятельности Фонда страхования сбережений физических лиц и обеспечивает защиту прав и интересов вкладчиков и укрепление доверия населения к банковской системе Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 15.03.2023 №1961).

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- страхование - отношение по защите интересов вкладчиков от риска банкротства кредитных организаций;

- страховой случай -  принудительная ликвидация кредитной организации решением суда не по основаниям банкротства или по основаниям банкротства в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций", в результате чего возникают обязательства Фонда страхования сбережений физических лиц по выплате суммы страхового возмещения вкладчикам, обанкротившейся кредитной организации (в редакции Закона РТ от 03.08.2018г.№1551,);

- кредитные организации - юридические лица (банки, небанковские кредитные организации и микрофинансовые организации), осуществляющие на основании лицензии Национального банка Таджикистана все или отдельные банковские операции, предусмотренные законом;

- промежуточный банк - банк, созданный для принятия активов, обязательств и/или выполнения задач кредитной организаций, находящейся под временной администрацией, осуществляющий отдельные банковские операции (в редакции Закона РТ от 03.08.2018г.№1551);

...