ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320) тағйирот ва иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Сархати дуюми моддаи 1 хориҷ карда шуда, сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари ҳаррӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари ҳаррӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷой бармегардад;
давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад,.
2. Моддаи 8 дар таҳрири зайл баён шавад:
"Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристода шаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
- дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнати ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
...