ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, № 1, мод. 15)
(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 31, аз 28.12.2005 № 145, аз 31.12.2008 № 470, аз 12.01.2010 № 591, аз 3.08.2018 № 1541, аз 13.11.2024 № 2107)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст .
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1541)
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
хориҷ карда шуд .
- муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
- муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
- коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
- коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
...