Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 470 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 320; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, №12, мод. 657) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ашхос", "ашхоси" ва "ашхосе" мутаносибан ба калимаҳои "шахс", "шахси" ва "шахсе" иваз карда шаванд.

2. Дар матни Қонун калимаҳои "кишвари дигар" ва "дигар кишварҳо" ба калимахои "кишвари хориҷӣ" ва "кишварҳои хориҷӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 1:

- дар сархати сеюми қисми 1 ва дар тамоми матни Қонун калимахои "ашхоси бешаҳрвандӣ" ба калимаҳои "шахси бешаҳрванд" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаи "ақидаҳои" ба калимаи "мавқеи" иваз карда шавад;

- дар сархати якуми қисми 2 калимаҳои "мақомоти маҳаллии иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

5.Дар моддаи 10 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "байналхалқии" ва "байналхалқӣ" ба калимаҳои "байналмилалии" ва "байналмилалӣ" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаҳои 11 ва 12 калимаҳои "Статуси" ва "статуси" ба калимаҳои "Вазъи" ва "вазъи" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 4 моддаи 12 ва банди 7) моддаи 19 калимаҳои "санадҳои меъёрию хуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрию ҳуқуқии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О миграции"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 11 декабря 1999 года "О миграции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 12, ст.320; 2002 г., № 4, ч.I, ст.248; 2005г., № 12, ст.657) следующие изменения и дополнения:

1. В тексте Закона слова "другая страна" и "другие страны" заменить словами "зарубежная страна", "зарубежные страны".

2. В абзаце первом части 2 статьи 1 слова "местными исполнительными" заменить словами "местными исполнительными органами государственной власти".

3. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о миграции

Законодательство Республики Таджикистан о миграции основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

4. В пункте 7) статьи 19 слова "нормативно- правовых" заменить словами "нормативных правовых".

5. В пункте 5) части 1 статьи 21 слова "Министерство безопасности" заменить словами "национальной безопасности".

6. Статью 27 изложить в следующей редакции:

"Статья 27. Ответственность за нарушение настоящего Закона

Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона несут ответственность в соответствии с законодательством Республик" Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после ею официального опубликования".

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

...