Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 516 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба қисми ёздаҳуми моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Аз рӯи чунин маводҳо нисбати корманди Агентӣ баъди аз ҷониби Директори Агентӣ рад карда шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё прокурор метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба суд муроҷиат намоянд ва суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи оғози парвандаи ҷиноятиро баррасӣ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 516

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 516

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "0б Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан"

Статья 1. Часть одиннадцатую статьи 31 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193) дополнить вторым предложением следующего содержания:

"После отказа в возбуждении уголовного дела по таким материалам в отношении сотрудника Агентства Директором Агентства, органы дознания, следствия или прокурор по этому вопросу могут обратиться в суд, который рассматривает вопрос о возбуждении уголовного дела в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 19 мая 2009 года № 516

г.Душанбе, 19 мая 2009 года № 516

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан"

В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики С.Хайруллоев

...