×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 374 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298)

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 11.03.2010 № 599, аз 28.06.2011 № 748, аз 22.07.2013 № 989, аз 27.11.2014 № 1136, аз 15.03.2016 № 1284, аз 24.02.2017 № 1387, № 1388, № 1389, аз 30.05.2017 № 1441, аз 2.01.2020 № 1663, аз 17.12.2020 № 1735, аз 29.01.2021 № 1756, аз 08.06.2022 № 1876, аз 13.11.2024 № 2091)

(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 11.03.2010 № 599, аз 28.06.2011 № 748, аз 22.07.2013 № 989, аз 27.11.2014 № 1136, аз 15.03.2016 № 1284, аз 24.02.2017 № 1387, № 1388, № 1389, аз 30.05.2017 № 1441, аз 2.01.2020 № 1663, аз 17.12.2020 № 1735, аз 29.01.2021 № 1756, аз 08.06.2022 № 1876, аз 13.11.2024 № 2091)

 

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд  (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663, аз 13.11.2024 № 2091).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ

1. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).

2. Фаъолияти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 3. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ
...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан

(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№516, от 11.03.2010г.№599 от 28.06.2011г.№748, от 22.07.2013г.№989, от 27.11.2014г.№1136, от 15.03.2016г.№1284, от 24.02.2017г.№1387, от 24.02.2017г.№1388, от 24.02.2017г.№1389, от 30.05.2017г.№1441, от 02.01.2020г.№1663, от 17.12.2020г.№1735, от 29.01.2021г.№1756, от 08.06.2022 №1876, от 13.11.2023 №1988, от 13.11.2024 №2091)

(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№516, от 11.03.2010г.№599 от 28.06.2011г.№748, от 22.07.2013г.№989, от 27.11.2014г.№1136, от 15.03.2016г.№1284, от 24.02.2017г.№1387, от 24.02.2017г.№1388, от 24.02.2017г.№1389, от 30.05.2017г.№1441, от 02.01.2020г.№1663, от 17.12.2020г.№1735, от 29.01.2021г.№1756, от 08.06.2022 №1876, от 13.11.2023 №1988, от 13.11.2024 №2091)

Настоящий Закон определяет правовой статус, систему, структуру и организацию деятельности, права и обязанности, службу в органах Агентства, международное правовое сотрудничество, финансовое и материально-техническое обеспечение Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 02.01.2020г.№1663).

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан

1. Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан (далее - Агентство) являясь уполномоченным органом государственного финансового контроля и правоохранительным органом, осуществляет государственный финансовый контроль по эффективному использованию государственных средств и государственного имущества для обеспечения экономической безопасности государства путем предупреждения, профилактики, выявления, пресечения коррупционных правонарушений, раскрытия, дознания и предварительного следствия коррупционных преступлений, экономических преступлений коррупционного характера и преступлений, связанных с налогами, а также другие задачи, предусмотренные настоящим Законом и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. Агентство в своей деятельности подчиняется и подотчетно Президенту Республики Таджикистан и представляет Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан один раз в год отчёт о результатах расследований и финансовых проверок (в редакции Закона РТ от 24.02.2017г.№1387).

Статья 2. Правовые основы деятельности Агентства

1. Правовые основы деятельности Агентства регулируются Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Законом, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.

2. Деятельность Агентства по государственному финансовому контролю осуществляется на основе Закона Республики Таджикистан "О государственном финансовом контроле в Республике Таджикистан"

Статья 3. Задачи и основные направления деятельности Агентства

1. Задачами и основными направлениями деятельности Агентства являются:

- реализация государственной политики в направлении борьбы с коррупцией (в редакции Закона РТ от 02.01.2020г.№1663);

...