ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563)
(Қонуни конст. аз 17.05.2004 № 40, аз 12.05.2007 № 255, аз 06.10.2008 № 443, аз 21.07.2010 № 622, аз 29.12.2010 № 654, аз 26.12.2011 № 794, аз 19.03.2013 № 959, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323, аз 18.07.2017 № 1453, аз 25.06.2021 № 1798)
(Қонуни конст. аз 17.05.2004 № 40, аз 12.05.2007 № 255, аз 06.10.2008 № 443, аз 21.07.2010 № 622, аз 29.12.2010 № 654, аз 26.12.2011 № 794, аз 19.03.2013 № 959, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323, аз 18.07.2017 № 1453, аз 25.06.2021 № 1798)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1.
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд .
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд .
Моддаи 2.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад ().
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар менамоянд ().
...