Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 654 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351: с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми чоруми моддаи 34 калимаи "июн" ба калимаҳои "июни соли минбаъда" иваз карда шавад.

2. Дар моддаи 36:

- банди 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;";

- бандҳои 14 ва 15 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"14. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;":

- банди 14 мутобиқан банди 16 ҳисобида шавад.

3. Ба моддаи 37 қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Маҷлиси намояндагон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад.".

4. Моддаи 42 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 19 апреля 2000 года "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000 г., № 4, ст. 108; 2004 г., № 5, ст. 351; 2007 г., № 5, ст. 351; 2008 г., № 10, ст. 796; 2010 г., № 7, ст. 539) следующие изменения и дополнения:

1. В части четвертой статьи 34 после слова "июня" дополнить словами "следующего года".

2. В статье 36:

- пункт 10 изложить в следующей редакции:

"10. Утверждение указов Президента Республики Таджикистан о назначении на должность и освобождении от должности председателя Национального банка Таджикистана и его заместителей;";

- дополнить пунктами 14 и 15 следующего содержания:

"14. Избрание Представителя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в Конституционном суде Республики Таджикистан, Совете юстиции Республики Таджикистан и в других органах Республики Таджикистан;

15. Рассмотрение вопроса о лишении права неприкосновенности депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;";

- пункт 14 соответственно считать пунктом 16.

3. Статью 37 дополнить частью шестой следующего содержания:

"Маджлиси намояндагон заслушивает отчеты министерств, государственных комитетов, ведомств и других государственных органов в целях контроля исполнения государственного бюджета.".

4. Статью 42 изложить в следующей редакции:

"Полномочия Председателя Маджлиси намояндагон:

...