ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 597, аз 28.03.2011 № 730)
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 597, аз 28.03.2011 № 730)
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муайян мекунад.
2. Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, илова ворид намудан, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлати (шахсони мансабдори онҳо)- ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба танзим медароранд, муайян карда мешаванд.
3. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро ба танзим намедарорад:
- тартиби қабул намудан, ворид кардани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби қабул, иҷро намудан, беэътибор донистан, қатъ кардан, бекор намудан ва боздоштани амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Қонуни мазкур пешбининашуда.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
...