Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010 № 597 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 99) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми 1 моддаи 38 калимаҳои "гардида, ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо тарҷума" хориҷ карда шаванд.

2. Аз қисми 2 моддаи 48, қисми 1 моддаи 54, қисми 1 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 калимаҳои "ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" хориҷ карда шаванд.

3. Қисми 3 моддаи 52 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо бо дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

 11 марти соли 2010 № 597

ш.Душанбе,

 11 марти соли 2010 № 597

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан"О нормативных правовых актах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 26 марта 2009 года "О нормативных правовых актах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 3, ст.99) следующие изменения:

1. Из части 1 статьи 38 слова "и переводится на русский язык как язык межнационального общения" исключить.

2. Из части 2 статьи 48, части 1 статьи 54, части 1 статьи 55 и части 2 статьи 56 слова "и русском языке, как языке межнационального общения" исключить.

3. Часть 3 статьи 52 изложить в следующей редакции:

"3. Официальное опубликование нормативных правовых актов осуществляется на государственном языке, в случае необходимости переводится на другие языки Национальным центром законодательства при Президенте Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

11 марта 2010 года № 597

г.Душанбе,

11 марта 2010 года № 597

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

...