Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 99; с. 2010, №3, мод. 152) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи "вазъи" ба калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шавад.

2. Дар кисми 1 моддаи 19 калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" ба калимаҳои "дигар санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.

3. Қисми 1 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд.".

4. Дар моддаи 34:

- қисмҳои 12 ва 13 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"12. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо ё сархатҳо тақсим шавад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон огоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад.

13. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, бо фосила оғоз меёбад. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ метавонад бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида ")" гузошта шавад. Банди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зервоҳиди матн буда, бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки банд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шуда бошад.";

- ба қисми 14 баъди калимаҳои "банд буда," калимаҳои "баъд аз аломати баён ":"" илова карда шуда, пеш аз ҷумлаи охирин ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Ҳар як зербанд ба истиснои зербанди охирин бо нуқта вергул ";" ба охир мерасад.".

5. Ба қисми 2 моддаи 48, қисми 1 моддаи 54, қисми 1 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 баъди калимаҳои "забони давлатӣ" калимаҳои "ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд.

6. Дар моддаи 52:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О НОРМАТИВНЫХ ПРАВОВЫХ АКТАХ»

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 26 марта 2009 года «О нормативных правовых актах» (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №3, ст. 99; 2010 г., №3, ст. 152) следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 11 слово «статуса» заменить словами «правового статуса».

2. В части 1 статьи 19 слова «законодательными актами» заменить словами «другими законодательными актами».

3. Часть 1 статьи 33 изложить в следующей редакции:

«1. Каждый нормативный правовой акт имеет название, которое указывается в верхней части текста. Название законодательных актов пишется прописными буквами. Название иных нормативных правовых актов пишется строчными буквами, но начинается с прописной буквы. Название нормативного правового акта отражает предмет правового регулирования нормативного правового акта и его основное содержание.».

4. В статье 34:

- части 12 и 13 изложить в следующей редакции:

«12. Часть статьи законодательного акта является её структурным элементом и представляет собой смысловое единство. Часть статьи законодательного акта начинается с отступа, обозначается арабскими цифрами, после которых ставится точка, и может подразделяться на пункты или абзацы. Если статья состоит из одной части, то цифрой не обозначается. Часть статьи законодательного акта начинается с прописной буквы, и в конце части ставится точка.

13. Пункт части статьи законодательного акта является её структурным элементом и начинается с отступа. Пункт части статьи законодательного акта может обозначаться арабскими цифрами, после которых ставится знак закрывающейся скобки «)». Пункт иного нормативного правового акта является подразделом текста, начинается с отступа и обозначается арабскими цифрами, после которых ставится точка. Пункты могут подразделяться на подпункты или абзацы. Пункт начинается с прописной буквы, и в конце пункта ставится точка, за исключением случаев, когда пункт подразделяется на подпункты или абзацы.»;

- часть 14 после слова «обозначаемый» дополнить словами «после знака двоеточия «:»», а перед последним предложением дополнить новым предложением следующего содержания: «После каждого подпункта, за исключением последнего подпункта, ставится точка с запятой «;».».

5. Часть 2 статьи 48, часть 1 статьи 54, часть 1 статьи 55 и часть 2 статьи 56 после слов «государственном языке» дополнить словами «и на русском языке как языке межнационального общения».

6. В статье 52:

- в части 3 после слов «государственном языке» дополнить словами «и в переводе на русский язык как язык межнационального общения», а слова «переводится на другие языки» заменить словами «их перевод на другие языки осуществляется»;

...