КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №79, мод.601, мод.605, мод.622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021, №1774, №1775)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1070, аз 26.07.2014 № 1094, аз 27.11.2014 № 1135, аз 18.03.2015 № 1180, аз 8.08.2015 № 1221, № 1222, № 1223, аз 23.11.2015 № 1235, аз 25.12.2015 № 1263, аз 15.03.2016 № 1280, аз 23.07.2016 № 1337, аз 30.05.2017 № 1419, аз 2.01.2018 № 1476, аз 17.05.2018 № 1519, № 1520, аз 2.01.2020 № 1660, 04.07.2020 № 1695, аз 04.07.2020 № 1699, аз 07.08.2020 № 1716, аз 17.12.2020 № 1728, 1729, аз 29.01.2021 № 1754, аз 20.04.2021 № 1774, 1775, аз 25.06.2021 № 1786, аз 23.12.2021 №1816, аз 18.03.2022 № 1858, № 1859, № 1860, аз 24.12.2022 № 1929, аз 15.03.2023 № 1951, аз 22.06.2023 № 1972, аз 03.01.2024 № 2020, № 2021)

ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз инҳо иборатанд:
- муқаррар кардани тартиби барасмиятдарорӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд;
- ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда;
...