КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(ҚИСМИ ЯКУМ)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, № 7, мод. 508; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, № 3, мод. 125; с. 2006, № 4, мод. 193; с. 2007, № 5, мод. 356; с. 2010, № 3, мод. 156, № 12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, № 7, мод. 700, № 12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, № 7, мод. 504; с. 2015, № 3, мод. 200; с. 2016, № 7, мод. 612)
(Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 41, аз 3.05.2002 № 5, аз 1.03.2005 № 85, аз 29.04.2006 № 180, аз 12.05.2007 № 247, аз 11.03.2010 № 601, аз 29.12.2010 № 640, аз 03.07.2012 № 850, аз 28.12.2012 № 928, аз 22.07.2013 № 976, аз 18.03.2015 № 1178, аз 23.07.2016 № 1334, аз 2.01.2019 № 1557, аз 2.01.2020 № 1656, аз 2.01.2020 № 1657)
(Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 41, аз 3.05.2002 № 5, аз 1.03.2005 № 85, аз 29.04.2006 № 180, аз 12.05.2007 № 247, аз 11.03.2010 № 601, аз 29.12.2010 № 640, аз 03.07.2012 № 850, аз 28.12.2012 № 928, аз 22.07.2013 № 976, аз 18.03.2015 № 1178, аз 23.07.2016 № 1334, аз 2.01.2019 № 1557, аз 2.01.2020 № 1656, аз 2.01.2020 № 1657)
ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
ЗЕРФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
БОБИ I ҚОНУНҲОИ ГРАЖДАНӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд
1. Қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёи, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро муайян намуда, ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва ӯҳдадориҳои дигар, инчунин муносибатҳои дигари молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамоянд .
Муносибатҳои оилавӣ, меҳнатӣ, муносибатҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро, ки дорои нишонаҳои дар сарсатри аввали ҳамин модда зикргардида мебошанд, агар дар қонунҳои оила, меҳнат, замин ва қонунҳои дигар махсус тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд.
2. Иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда шаҳрвандон, давлат, шахси ҳуқуқӣ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ мебошанд .
Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавриди муносибатҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ низ истифода мешаванд .
3. Қонунҳои гражданӣ муносибатҳои байни шахсони фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда ё иштироки онҳоро танзим менамоянд.
...