ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105, аз 01.08.2012 № 394)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105, аз 01.08.2012 № 394)
Бо мақсади иҷрои моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии ҳает ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузошта шавад ().
2. Маблағи суғуртавии суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи маоши моҳонаи вазифавӣ ҳаштмоҳа муқаррар карда шавад (, ).
3. Банди 3 аз эътибор соқит карда шуд ().
4. Пули суғурта аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъминоти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад.
5. Аз пардохти суғуртавии воридгардида ба мақсадҳои зайл пардохтҳо гузаронида мешаванд:
- барои пардохти пули суғурта - 92 фоиз;
- барои ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ - 5 фоиз;
- барои коргузории ташкилоти суғурта - 3 фоиз.
6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайриқобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдафъаина ба андозаи зайл дода мешавад:
...