Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 499 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он"

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 № 112 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 № 184 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он", инчунин барои ба даромади Буҷети давлати ҷалб намудани захираҳо, таъмини самарабахши истифодаи маблағҳои буҷети, мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти милли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият:

- барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 № 184 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он" тадбирҳои зарури андешанд;

- оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои зарури андешида, дар ин асос нишондиҳандаҳои муътадили макроиқтисодиро дар иқтисодиёти ҷумҳури таъмин намоянд;

- барои таъмини сифатнок иҷро намудани нақшаҳои андозҳо ва даромадҳо ба буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ва пардохтҳо ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷети тамоми чораҳоро андешанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои барои сохтмонҳои асосии иншоотҳо ҷудокардашударо таъмин намуда, оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ҳангоми пешниҳод намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи дурнамои миёнамӯҳлат маблағгузориро аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат талаб менамоянд, нишондодҳои дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2007-2008 ба инобат гиранд;

- бо мақсади таъмини назорати шумораи кормандони дар ташкилотҳои буҷети машғулбуда ва хароҷот барои нигоҳдории онҳо, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи воқеии кормандон ва мавҷудияти воҳидҳои холии кории дастгоҳҳои маркази ва муассисаҳои тобеашон маълумот ирсол намоянд;

- пардохти истифодабарии қувваи барқ, гази табии, хизматрасониҳои коммуналиро танҳо тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Дар минтақаҳое, ки бонкҳо дар масофаи дур воқеанд ё вуҷуд надоранд, ин пардохтҳо тавассути нуқтаҳои почта тибқи бастани шартномаҳо амали карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- истифода бурдани маблағҳои буҷетиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" таъмин намояд. Маблағгузории чорабиниҳои тасдиқкардашударо аз рӯи даромадҳои воқеии воридгардида амали намояд;

- дар навбати аввал маблағгузории музди меҳнат, пардохтҳои суғуртаи иҷтимои, нафақа, стипендия, ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти хизмати алоқа, истифодаи қувваи барқ, газ ва обро таъмин намояд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и введении его в действие"

Во исполнение Закона Республики Таджикистан от 9 декабря 2005 года №112 "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 5 декабря 2005 года №184 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и введении его в действие", а также мобилизации в доход Государственного бюджета ресурсов, обеспечения эффективности их использования, содействия для устойчивого развития национальной экономики Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, министерствам, государственным комитетам, ведомствам, Фонду социальной защиты населения Республики Таджикистан, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, учреждениям, организациям, независимо от форм собственности:

- принять необходимые меры для выполнения Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и Постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 5 декабря 2005 года №184 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" и введении его в действие";

- принять необходимые меры по увеличению объема производства и услуг в отраслях народного хозяйства и на этой основе обеспечить стабильные макроэкономические показатели в экономике республики;

- принять все необходимые меры по обеспечению качественного исполнения плана по налогам и доходам республиканского и местных бюджетов и начисления в Фонд социальной защиты населения Республики Таджикистан, а также целевого и эффективного использования бюджетных средств;

- обеспечить эффективное и целевое использование выделяемых средств на капитальное строительство объектов и представить отчет о выполнении объема работ в Правительство Республики Таджикистан и Министерство финансов Республики Таджикистан;

- при предоставлении программ "Правительства, которые в средне срочной перспективе требуют вложений государственных финансовых ресурсов, исходить из параметров, предусмотренных в прогнозе Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2007-2008 годы;

- в целях обеспечения контроля за численностью, занятых в бюджетных организациях, и отслеживания расходов на их содержание ежеквартально представлять в Министерство финансов Республики Таджикистан сведения о фактической численности и наличии вакантных мест по категориям должностей, занятых в центральных аппаратах и в подведомственных учреждениях;

- обеспечить оплату за потребленную электроэнергию, природный газ, коммунальные услуги только через учреждения банков Республики Таджикистан. В регионах, где банковские учреждения находятся на далеком расстоянии или в случае их отсутствия, оплату указанных услуг производить через пункты почтовой связи на основании заключенных договоров.

2. Министерству финансов Республики Таджикистан:

- обеспечить использование бюджетных средств, в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год". Финансирование утверждённых мероприятий производить по фактически поступившим доходам;

- обеспечить первоочередное финансирование заработной платы, начислений на социальное страхование, пенсий, стипендий, пособий, компенсационные выплаты, оплаты услуг связи, потребления электроэнергии, газа и воды;

...