Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинобар қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд:
1. Дар банди 7 Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999 №8 "Дар бораи тасдиқи Тартиби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст:
зербанди "б" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"б) Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
дар сархати дуюми зербанди "к" калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 №129 "Дар бораи суғуртаи хатмии давлатии Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
Дар ном ва матн калимаҳои "Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Дар сарсухан калимаҳои "моддаи 108 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Дар банди 2 калимаҳои "музди меҳнати" ба калимаҳои "маоши моҳонаи вазифавӣ" иваз карда шаванд.
Банди 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайри қобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдаъфаина ба андозаи зайл дода мешавад:
...