×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993, № 918 "Дар бораи амният"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 721 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АМНИЯТ

(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 128, аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)

(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 128, аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)

Ин Қонун асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти шахс, ҷомиа ва давлатро мустаҳкам намуда, системаи амният ва вазифаҳои онро муайян мекунад, тартиби ташкил ва бо маблағ таъминсозии мақомоти таъмини амният, инчунин назоратро ба қонунияти фаъолияти онҳо муқаррар менамояд.

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми амният ва объектҳои он

Амният ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдитҳои дохили ва хориҷи мебошад.

Манфиатҳои ҳаётан муҳим маҷмӯи эҳтиёҷотест, ки қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва имкомияти рушди мутараққии шахс, ҷомиа ва давлатро таъмин менамояд.

Ба объектҳои асосии амният инҳо тааллуқ доранд: шахс ва ҳуқуқу озодиҳои он; ҷомиа ва арзишҳои моддию маънавии он; давлат ва сохти конститутсиони, истиқлолият ва тамомияти қаламрави он.

Моддаи 2. Субъектҳои таъмини амният

Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимиятҳои қонунгузори, иҷроия ва додгоҳи иҷро менамояд.

Давлат мувофиқи қонунгузории мавҷуда амнияти ҳар як шаҳрвандро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Давлат ба ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он қарор доранд, кафолат медиҳад.

Шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷаъмияти ва дигар ташкилотҳову иттиҳодияҳо субъектҳои амният ба шумор мераванд ва мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти давлати ва идораи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи ва вилоятҳо, ки дар ҳудуди салоҳиятҳои онҳо дар ин соҳа қабул карда шудаанд, барои иштирок намудан дар таъмини амният дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошанд. Давлат ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷаъмияти ва дигар ташкилотҳову иттиҳодияҳоро, ки дар таъмини амният мувофиқи қонун ҳамкори мекунад, таъмин менамояд.

...

                   Утратил силу в редакции Закона РТ от 28.06.2011 г. №721

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О безопасности

(в редакции Законов РТ от 04.11.1995 г. N 128, от 1 февраля 1996 г. N 223, от 12.12.1997 г. N 498)

(в редакции Законов РТ от 04.11.1995 г. N 128, от 1 февраля 1996 г. N 223, от 12.12.1997 г. N 498)

Настоящий Закон закрепляет правовые основы обеспечения безопасности личности, общества и государства, определяет систему безопасности и ее функции, устанавливает порядок организации и финансирования органов обеспечения безопасности, а также контроля и надзора за законностью их деятельности.

РАЗДЕЛ I ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Понятие безопасности и ее объекты

Безопасность - состояние защищенности жизненно важных интересов личности, общества и государства от внутренних и внешних угроз.

Жизненно важные интересы - совокупность потребностей, удовлетворение которых надежно обеспечивает существование и возможности прогрессивного развития личности, общества и государства.

К основным объектам безопасности относятся: личность - ее права и свободы; общество - его материальные и духовные ценности; государство - его конституционный строй, суверенитет и территориальная целостность.

Статья 2. Субъекты обеспечения безопасности

Основным субъектом обеспечения безопасности является государство, осуществляющее функции в этой области через органы законодательной, исполнительной и судебной властей.

Государство в соответствии с действующим законодательством обеспечивает безопасность каждого гражданина на территории Республики Таджикистан. Гражданам Республики Таджикистан, находящимся за ее пределами, государством гарантируется защита и покровительство.

...