ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ХУСУСИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АМНИЯТ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунгузори қарор мекунад;
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи амният" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 3-4, соли 1994, м.
64) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:
"Моддаи 10. Тафриқаи ваколатҳои мақомоти ҳокимият дар системаи амният
Таъмини амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат дар асоси тафриқаи ваколатҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва суди дар соҳаи мазкур сурат мегирад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва хориҷиро муайян менамояд;
системаи танзими ҳуқуқии муносибатҳоро дар соҳаи амният таҳия менамояд;
маблағҷудокунии буҷетиро барои бопултаъминкунии мақомоти таъмини амният ва барномаи ҷумҳуриявиро дар соҳаи амният тасдиқ менамояд;
аҳдномаю созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои таъмини амният тасвиб ва беэътибор мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, давомот ва пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлати, риоя гардидани аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда:
амнияти шахсият, чамъият ва давлатро таъмин менамояд;
афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро муайян мекунад;
...