ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст ().
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд ().
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқи амали менамояд ().
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хӯроки умуми, хариди маҳсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабиниҳои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқони (фермери), хоҷагиҳои шахси, афзоиши захираҳои хӯроквори ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасони ба аҳоли фаъолона мусоидат мекунад ().
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот
()
...