Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 348 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №7, моддаи 105; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, моддаи 268; соли 2002, №11, моддаи 702) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Қисми дуюми моддаи 4 хориҷ карда шавад.

3. Ба қисми ҳафтуми моддаи 5 ҷумлаи зерин илова карда шавад:

"Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад.".

4. Дар моддаи 6:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он";

- ба модда қисми 3 дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О потребительской кооперации в Республике Таджикистан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 марта 1992 года "О потребительской кооперации в Республике Таджикистан" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1992 г., №7, ст. 105; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №22, ст. 268; 2002 г., №11, ст. 702) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о потребительской кооперации

Законодательство Республики Таджикистан о потребительской кооперации основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

2. Часть вторую статьи 4 исключить.

3. Часть седьмую статьи 5 дополнить следующим предложением:

"Порядок избрания президиума и его полномочия регулируются в соответствии с уставом потребительских обществ и их союза.".

4. В статье 6:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 6. Таджикский республиканский союз потребительских обществ и его полномочия";

- статью дополнить частью третьей следующего содержания:

" Союз Таджикматлубот осуществляет следующие полномочия:

- защищает и представляет экономические, правовые и социальные интересы организаций и предприятий потребительской кооперации в суде и других местных органах государственной власти;

...