ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 123)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 123)
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ, ва бо мақсади гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои замимагардидаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 тасдиқ карда шавад.
2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 тасдиқ карда шавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ:
- комиссияҳои мусоидати барӯйхатгирии аҳолиро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис диҳанд;
- то 1 июли соли 2008 номгӯи ноҳияҳо, маҳалҳои шаҳрӣ ва сарҳадҳои онҳоро аниқ намуда, номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо ва манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калонро ба тартиб дароварда, лавҳаю рақам гузоранд;
- то 1 январи соли 2009 бо роҳи саросар гаштан, дурусти ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд;
- то 1 январи соли 2009 нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаҳои ноҳияҳоро тартиб дода, маводи картографиро ба мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд;
- моҳи феврали соли 2009 тартиб додани рӯйхати деҳаҳоро дар асоси маълумоти муқоисашудаи дафтарҳо (рӯйхатҳо)-и қайди хоҷагиҳо таъмин намоянд;
...