Қоидаҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз 4 июли соли 2006, № 312

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 322 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2006 № 312

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2006 № 312

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010

1. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат доранд, сарфи назар аз он, ки онҳо ҳангоми барӯйхатгири дар ҷумҳури ҳастанд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтаанд ва инчунин шаҳрвандони хориҷи, ки муваққатан дар Тоҷикистон мебошанд, ба рӯйхат гирифта мешаванд.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки контингенти махсус ва объектҳои пӯшида доранд, тайёрm дида, барӯйхатгирии хизматчиёни ҳарбm ва контингенти махсуси аҳолиро тибқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин менамоянд.

3. Барӯйхатгирии шахсонеро, ки барои табобат дар касалхонаҳо, барои истироҳат (ғайр аз як ё ду рӯз истиқоматкунандагон), модарону кӯдакони дар таваллудхонаҳо воқеъ буда, хонаҳои модарону кӯдакон, бачаҳои дар мактаб - интернатҳо ва сағирхонаҳо буда ва инчунин шахсони дар хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои ба онҳо монанд истиқоматкунандаро, ҳисобчиёне, ки маъмурияти ин муассисаҳо ҷудо мекунанд, мегузаронанд.

4. Барӯйхатгирии аҳолии шаҳрҳо ва ноҳияҳое, ки алоқа бо онҳо дар моҳҳои январ - феврали соли 2010 душвор мегардад, дар мӯҳлатҳои мувофиқанамудаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатm гузаронида мешавад. Давомнокm ва тартиби барӯйхатгирm барои ҳар як чунин ноҳия бо дарназардошти шароити маҳал аз тарафи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

5. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар кори ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва манзилҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак расонда, иҷрои онро зери назорат мегирад.

6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак намуда, ҷараёни дуруст ва пурра ба ҳисоб гирифтани аҳолиеро, ки дар маҳалҳои шаҳри зиндагӣ мекунад, зери назорат мегирад.

7. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Тоҷиккоинот, роҳбарии методиро дар тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд ва дар асоси дархостҳои онҳо нақшаҳои шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳои калон, инчунин харитаҳои ноҳияҳоро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ба миқдори зарурӣ нусхабардорӣ карда медиҳанд.

8. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инъикоси ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори умум мусоидат менамоянд.

...

   Утратил силу в редакции  Постановления Правительства РТ от  01.07.2011г. №322

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от от 4 июля соли 2006 №312

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от от 4 июля соли 2006 №312

Правила проведения переписи населения Республики Таджикистан в 2010 году

1. Переписи подлежат все граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане и лица без гражданства, проживающие на территории Таджикистана, независимо от того, находятся они на момент переписи в республике или временно выехали за границу, а также иностранные граждане, временно находящиеся в Таджикистане.

2. Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство внутренних дел Республики Таджикистан, Министерство, по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороны Республики Таджикистан Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, Министерство юстиции Республики Таджикистан, Государственный Комитет по охране государственной Границы Республики Таджикистан, Национальная гвардия Республики Таджикистан и другие министерства и ведомства имеющие специальные контингента и закрытые объекты, осуществляют подготовку к переписи населения и обеспечивают перепись военнослужащих и специальных контингентов населения в порядке и сроки, установленные Государственным комитетом статистики Республики Таджикистан.

3. Перепись лиц, находящихся на излечении в больницах, на отдыхе в санаториях, пансионатах и домах отдыха (кроме одно-двухдневных), матерей и детей, находящихся в родильных домах, домах матери и ребенка, детей в школах-интернатах и детских домах, а также лиц, проживающих в домах инвалидов, в домах для престарелых, гостиницах и подобных учреждениях, проводится счетчиками, выделенными администрацией этих учреждений.

4. Перепись населения городов и районов, сообщение с которыми в январе-феврале 2010 года будет затруднено, провести в сроки, согласованные Государственным комитетом статистики Республики Таджикистан с местными исполнительными органами государственной власти. Продолжительность и порядок переписи устанавливается Государственным комитетом статистики Республики Таджикистан для каждого такого района с учетом местных условий.

5. Государственным унитарным предприятием "Жилищнокоммунальное хозяйство" осуществляется помощь местным исполнительным органам государственной власти в проведении работ по упорядочению наименований улиц, нумерации кварталов, микрорайонов, жилых домов и квартир на территории Республики Таджикистан и контроль за его исполнением.

6. Министерством внутренних дел Республики Таджикистан осуществляется помощь местным исполнительным органам государственной власти и контроль за ходом проверки правильности и полноты учета населения в домовладениях городских поселений.

7. Государственным комитетом землеустройства Республики Таджикистан, Государственным Комитетом , строительства и архитектуры Республики Таджикистан, Национальным космическим, геодезическим и картографическим -агентством при Правительстве Республики Таджикистан "Точиккоинот" осуществляется методическое руководство за изготовлением планово-картографического материала для местных исполнительных органах государственной власти и по их заказам размножение и выдача в необходимом количестве планов городов, поселков и крупных сел, а также карт районов для проведения переписи населения.

8. Министерство культуры Республики Таджикистан, Комитет телевидения и радиовещания при Правительстве Республики Таджикистан, Национальное информационное агентство "Ховар" при Правительстве Республики Таджикистан содействуют освещению в средствах массовой информации ход подготовки и проведения переписи населения.

...