ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАРӯЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 330; с. 2010, №3, мод. 159, №7, мод. 567)
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 604, аз 21.07.2010 № 635, аз 19.07.2019 № 1634)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- барӯйхатгирии аҳолӣ - мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморӣ, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолии дар санаи муайянкарда ҷамъ оварда, коркард ва ҷамъбаст карда мешавад;
- маълумот дар бораи аҳолӣ - маълумоте, ки мувофиқи номгӯйи саволҳо дар бораи аҳолӣ ҷамъ карда мешавад;
- гурӯҳи барӯйхаттирии аҳолӣ - гурӯҳи шаҳрвандон, ки омӯзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд;
- ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни барӯйхатгирии аҳолӣ, ки барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи он истифода бурда мешаванд;
- барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ - қисми муҳими таркибии ҷараёни банақшагирии барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки имконияти санҷидани ҳама ҷабҳаҳои барномаи барӯйхатгирии аҳолиро то баргузории барӯйхатгирии асосӣ таъмин намуда, ба ин васила кори беист ва муваффақияти баргузории барӯйхатгирии аҳолиро муҳайё менамояд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
...