Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010 № 635 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 330; с. 2010, № 3, мод. 159) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ - қисми муҳими таркибии ҷараёни банақшагирии барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки имконияти санҷидани ҳама ҷабҳаҳои барномаи барӯйхатгирии аҳолиро то баргузории барӯйхатгирии асосӣ таъмин намуда, ба ин васила кори беист ва муваффақияти баргузории барӯйхатгирии аҳолиро муҳайё менамояд.".

1. Ба моддаи 4 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"3. Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду сол то баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар як ё якчанд воҳиди ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

4. Мақсади асосии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ санҷида баромадани лоиҳаи барномаи барӯйхатгирӣ, усулҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани он мебошад.".

3. Моддаи 4(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 4(1). Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ

Нақшаи тақвимии чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ аз номгӯи асосии чорабиниҳои ташкилӣ барои ҳар як марҳилаи кор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, мӯҳлати иҷрои онҳо, инчунин номгӯи мақомоти давлатие, ки дар асоси Қонуни мазкур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои онҳо мутасаддианд, иборат аст.".

4. Моддаи 6(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 6(1). Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони мавриди пурсиш қароргирифта

1. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ҳуқуқ доранд, аз шахсони ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ шаҳодатномаи мувофиқро талаб кунанд ва дар сурати пешниҳод накардани чунин шаҳодатнома ба саволҳои варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷавоб надиҳанд.

2. Шахсони мавриди пурсиш қароргирифта ӯҳдадоранд барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ монеа нашаванд ва маълумоти муътамади инфиродиро мувофиқи варақаи баруйхатгирии аҳолӣ пешниҳод намоянд. Барӯйхатгирии аҳолӣ хусусияти ҳатмӣ дошта, шахсони мавриди пурсиш қароргирифта наметавонанд аз ҷавоб додан ба саволҳои варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ саркашӣ кунанд.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О переписи населения"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О переписи населения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 5, ст. 330; 2010 г., № 3, ст. 159) внести следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- пробная перепись населения - важная составная часть процесса планирования переписи населения, обеспечивающая возможность проверки всех аспектов программы переписи до проведения основной переписи, тем самым обеспечивая бесперебойную работу и успех проведения переписи населения.".

2. Статью 4 дополнить частями 3 и 4 следующего содержания:

"3. Пробная перепись населения проводится по предложению уполномоченного органа, согласно решению Правительства Республики Таджикистане не позднее чем за два года до проведения переписи населения в одной или нескольких административно - территориальных единицах Республики Таджикистан.

4. Основная цель проведения пробной переписи населения - это апробация проекта программы переписи населения, методов проведения переписи населения, основных мероприятий по ее подготовке и проведению.".

3. Дополнить статьей 4(1) следующего содержания:

"Статья 4(1). Календарный план мероприятий по подготовке и проведению переписи населения

Календарный план мероприятий по подготовке и проведению переписи населения предусматривает перечень основных организационных мероприятий для каждого этапа работы по подготовке и проведению переписи населения, сроки их выполнения, а также наименования ответственных за их выполнение государственных органов в соответствии с настоящим Законом и постановлениями Правительства Республики Таджикистан.".

4. Дополнить статьей 6(1) следующего содержания:

1. Респонденты имеют право требовать от переписного персонала предъявления соответствующего удостоверения, а в случае отказа в предъявлении такого удостоверения не отвечать на вопросы переписных листов переписи населения.

2. Респонденты обязаны не препятствовать проведению переписи населения и предоставлять достоверные персональные данные согласно форме переписного листа. Перепись населения носит обязательный характер и респонденты не могут отказываться отвечать на вопросы переписных листов.".

...