Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ
Бо мақсади рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халкии Хитой ва бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати замимагардидаи тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тасдиқ карда шавад.
2. Ба Раиси тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ваколат дода шавад, ки намояндагони вазорату идораҳои манфиатдорро бо розигии роҳбарони онҳо, бо дарназардошти доираи масъалаҳои муҳокимашаванда, ба комиссияи зикргардида ба кор ҷалб намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Хитойро аз қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2001 № 137 "Дар бораи таъин намудани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 189
ш. Душанбе
аз 3 майи соли 2006 № 189
ш. Душанбе
...