×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ"

Санаи амалкуни: 01.08.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 32 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 91, аз 13.03.2012 № 121, аз 02.11.2013, № 511, аз 1.08.2015 № 503)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 91, аз 13.03.2012 № 121, аз 02.11.2013, № 511, аз 1.08.2015 № 503)

Бо мақсади амали гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи замимагардидаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва истифода мешаванд (замимаи 1), Талаботи низомӣ ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ (замимаи 2), Талаботи асосӣ оид ба таъмини баҳисобгирӣ ва ҳифзи маҳсулоти махсуси полиграфии баҳисобгириву ҳнсоботи қатъӣ (замимаи 3), Талаботи техникӣ ба маҳсулоти махсуси полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ ва реквизитҳои онҳо (замимаи 4) ва Номгӯи корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъиро истеҳсол мекунанд (замимаи 5) тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 503).

2. Назорати рафти истеҳсолу истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Вазоратҳо, идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷоти солонаи худро ба ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли каблӣ пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 503).

4. Вазоратҳо, идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои тамоми шаклҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли 2003 тамоми намудҳои маҳсулоти полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъии қаблан истеҳсолшуда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашавандаро барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ ба вазоратҳову идораҳои ҷумҳурӣ, ҳи барои нашри ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъии дахлдор масъуланд, пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки бо тартиби муқарраргардида дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд ва баҳисобгирӣ нагузаштаанд, беэътибор дониста шаванд.

5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ оид ба такмили қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар қисми муайян намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиботи муқарраршудаи истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 503).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

Раиси

...

Утратило силу в редакции постановления  Правительства РТ от 25 января 2017 года, № 32

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по организации производства документов и бланков строгого учета и отчетности

(в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№91, от 13.03.2012Г.№121, от 02.11.2013г.№511, от 01.08.2015г.№503)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№91, от 13.03.2012Г.№121, от 02.11.2013г.№511, от 01.08.2015г.№503)

В целях реализации Закона Республики Таджикистан от 2 декабря 2002 года "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об издательском деле" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемые Перечень документов и бланков строгого учета и отчетности, производимых и используемых в Республике Таджикистан (приложение 1), Режимные требования к полиграфическим предприятиям, производящим документы и бланки строгого учета и отчетности (приложение 2), Основные требования по обеспечению учета и сохранности специальной полиграфической продукции строгого учета и отчетности (приложение 3), Технические требования к специальной полиграфической продукции строгого учета и отчетности и их реквизиты (приложение 4) и Перечень специализированных издательско-полиграфических предприятий Республики Таджикистан, производящих документы и бланки строгого учета и отчетности (приложение 5) (в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№503).

2. Контроль за производством и использованием документов и бланков строгого учета и отчетности в Республике Таджикистан, возложить на Министерство безопасности Республики Таджикистан.

3. Министерствам, ведомствам, а также предприятиям, учреждениям и организациям всех форм собственности Республики Таджикистан заявлять свою годовую потребность на документы и бланки строгого учёта и отчётности в Министерства культуры Республики Таджикистан до 1 октября предшествующего года (в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№503).

4. Министерствам, ведомствам, а также предприятиям, учреждениям и организациям всех форм собственности Республики Таджикистан в срок до 1 июня 2003 года представить в министерства и ведомства республики, ответственные за выпуск соответствующих документов и бланков строгого учета и отчетности, на регистрацию и учет все образцы ранее изготовленной и используемой в Республике Таджикистан полиграфической продукции строгого учета и отчетности.

Документы и бланки строгого учета и отчетности, неучтённые и незарегистрированные в соответствующих министерствах и ведомствах Республики Таджикистан в установленном порядке, признать недействительными.

5. Министерству юстиции Республики Таджикистан и Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан в трёхмесячный срок представить Правительству Республики Таджикистан предложения по совершенствованию административного и уголовного законодательства в части ответственности за нарушение установленных правил производства и использования полиграфической продукции строгого учета и отчётности в Республике Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№503).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

Председатель

...