Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101)
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва моддаҳои 5 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, қи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тибқи тартиботи муқарраргардида таъмин намояд.
3) Хароҷоти тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад .
4) Варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дар қисми Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шавад.
5) Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003 № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли хуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ" бандҳои 101, 102, 103 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"101. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ
102. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд
103. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...