Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 91 "Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон иқомати доимӣ доранд"

Санаи амалкуни: 01.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101)

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва моддаҳои 5 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, қи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тибқи тартиботи муқарраргардида таъмин намояд.

3) Хароҷоти тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101).

4) Варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дар қисми Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шавад.

5) Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003 № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли хуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ" бандҳои 101, 102, 103 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"101. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ

102. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд

103. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении образцов бланков вида на жительство для иностранных граждан, лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.03.2018г.№101)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.03.2018г.№101)

В соответствии статьёй 20 Закона Республики Таджикистан "О миграции" и статьями 5 и 25 Закона Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить прилагаемые образцы бланков вида на жительство для иностранных граждан и лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан (приложения 1, 2 и 3).

2) Министерству внутренних дел Республики Таджикистан в установленном порядке обеспечить изготовление бланков вида на жительство для иностранных граждан, лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан.

3) Расходы на изготовление бланков вида на жительство для иностранных граждан, лиц без гражданства и удостоверений лиц без гражданства, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан производить за счет специальных средств Паспортно-регистрационной службы  Министерства внутренних дел Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 01.03.2018г.№101).

4) Бланки видов на жительство для иностранных граждан и лиц без гражданства и удостоверений лица без гражданства изготовить в подразделении с особым режимом работы Государственного унитарного предприятия Издательско-полиграфического комплекса "Щарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

5) Приложение 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 13 мая 2003 года № 222 "О мерах по организации производства документов и бланков сторогого учета и отчетности" дополнить пунктами 101, 102, 103 следующего содержания:

"101. Вид на жительство для иностранного гражданина

102. Вид на жительство для лица без гражданства

103. Удостоверение лица без гражданства".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

...