Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 с. № 605 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2002с. № 513, аз 31.03.2003с. № 124,№ 135, аз 03.07.2003с.№ 305, аз 30.04.2004с. № 183, аз 04.03.2005с. № 103, аз 01.12.2005с. № 446, аз 03.06.2006с. № 259)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2002с. № 513, аз 31.03.2003с. № 124,№ 135, аз 03.07.2003с.№ 305, аз 30.04.2004с. № 183, аз 04.03.2005с. № 103, аз 01.12.2005с. № 446, аз 03.06.2006с. № 259)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 № 746 "Дар бораи таъсиси Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;

1. Сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи идора ва номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, тасдиқ карда шавад.

Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур дорад.

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти кормандони хизматрасон, ба теъдоди 145 нафар муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 6 муовинони Вазир, аз ҷумла як муовини аввали Вазир, муовини Вазирсардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати сабук ва маҳаллии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати маводи сохтмони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз 9 нафар коллегия таъсис диҳад.

Муқаррар гардад, ки муовинони сардорони Департаментҳо ва сардорони Идораҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори коллегияи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа тасдиқ ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдошти мошинҳои сабукрави хизматӣ ба теъдоди 9 адад лимит ҷудо карда шавад.

3. Барои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амвол ва биноҳои маъмурии мақомоти идораи давлатӣ ва корхонаи давлатие, ки вазифаашон ба зиммаи он гузошта шудааст (тибқи замима), нигоҳ дошта шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №605

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве промышленности Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2002г. № 513, от 31.03.2003г. № 124, № 135, от 03.07.2003г. № 305, от 30.04.2004г. № 183, от 04.03.2005г. № 103, от 01.12.2005 № 446, от 3.06.2006г. № 259)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2002г. № 513, от 31.03.2003г. № 124, № 135, от 03.07.2003г. № 305, от 30.04.2004г. № 183, от 04.03.2005г. № 103, от 01.12.2005 № 446, от 3.06.2006г. № 259)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 24 января 2002г. № 746 "Об образовании Министерства промышленности Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую схему управления, а также перечень государственных предприятий и акционерных обществ, осуществляющих деятельность по двусторонним соглашениям с Министерством промышленности Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. № 259).

Утвердить прилагаемую Структуру центрального аппарата Министерства промышленности Республики Таджикистан в новой редакции(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. № 259)

Поручить Министерству промышленности Республики Таджикистан в месячный срок подготовить Положение о Министерстве промышленности Республики Таджикистан и представить его в установленном порядке на утверждение в Правительство Республики Таджикистан.

2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства промышленности Республики Таджикистан в количестве 110 единиц (без обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. № 259).

Разрешить Министерству промышленности Республики Таджикистан иметь 6 заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя и образовать коллегию в составе 9 человек(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. № 259).

исключен (в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. № 259)

Утвердить Министерству промышленности Республики Таджикистан лимит на содержание служебных легковых автомобилей в количестве 9 единиц.

3. Сохранить за Министерством промышленности Республики Таджикистан имущество и административные здания (согласно приложению) органов государственного управления и государственных предприятий, функции которых ему переданы.

...