Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 513 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер" тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1.Ба банди 19 баъд аз калимаи "муқаррар мекунад" калимаҳои "на камтар аз арзиши фонди Оинномавии объекти фурӯш дар рӯзи гузаронидани савдо" илова карда шавад;

2.Банди 21 дар таҳрири зайл ифода гардад:

"Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда ё тендер барои ҳамаи лифофаҳо (лотҳо) ба миқдори баробар муқаррар мегардад ва наметавонад аз андозаи зерин кам бошад:

- баробари 500 (панҷсад) доллари ШМА дар сурати фурӯши саҳмияҳо ва комплекси амвол;

- баробари 50 (панҷоҳ) доллари ШМА дар сурати фурӯши мошин, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти ягона, ки арзиши балансии онҳо маблағи камтар аз 500 (панҷсад) доллари ШМА-ро ташкил медиҳад;

3. Банди 26 дар таҳрири зайл ифода гардад:

"Ахбори иттилоотӣ дар бораи гузаронидани музояда ё тендер бояд на камтар аз ду маротиба, зимнан маротибаи аввал на камтар аз сӣ рӯзи тақвимӣ то рӯзи гузаронидани музояда ё тендер, маротибаи дуюм бошад, дар фосилаи байни рӯзҳои бистум ва чордаҳуми санаи муқарраргардидаи гузаронидани музояда ё тендер ба забонҳои давлатӣ ва русӣ дар рузномаҳои умумиҷумҳуриявӣ, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн мегарданд, оид ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва дар нашрияҳои маҳаллӣ бошад, оид ба объектҳои моликияти коммуналӣ интишор ебанд, инчунин иттилооти иловагӣ метавонад дар воситаҳои электронии ахбори омма дарҷ гардад;

4. Дар банди 41 калимаҳои "на камтар аз панҷ рӯзи бонкӣ" ба калимахои "на камтар аз даҳ рӯзи бонкӣ" иваз карда шавад.

II. Дар ном ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 7 сентябри соли 2001 № 419 "Дар бораи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "Регламенти" ба калимаи "Дастури", иваз карда шавад.

III.Ба Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 №419 "Дар бораи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

I. В Положение о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах, утвержденное постановлением Правительства,, Республики Таджикистан от 16 декабря 1997 года № 513 "Об утверждении Положения о порядке продажи объектов приватизации на аукционах и тендерах" внести следующие изменения и дополнения:

1. Пункт 19 после слова "устанавливается" дополнить словами "не ниже общей стоимости Уставного фонда объекта продажи на день проведения торгов", далее по тексту;

2. Пункт 21 изложить в следующей редакции:

"Гарантийный взнос для участия в аукционе или тендере устанавливается в одинаковом размере для всех лотов и не может быть ниже величины:

- эквивалентной 500 (пятистам) долларам США, в случае продажи акций и имущественного комплекса;

- эквивалентной 50 (пятидесяти) долларам США, в случае продажи машин, механизмов и другого единичного оборудования, балансовая стоимость которых составляет сумму менее чем 500 (пятьсот) долларов США.

3. Пункт 26 изложить в следующей редакции:

"Информационное сообщение о проведении аукциона или тендера должно быть опубликовано не менее двух раз, причем один раз не менее чем за тридцать календарных дней до проведения торгов, а второй раз в промежутке между двадцатым и четырнадцатым днем до установленной даты проведения торгов на государственном и русском языках в общереспубликанских газетах, имеющих распространение на всей территории республики в части объектов республиканской собственности и в местных печатных органах, в части объектов коммунальной собственности, а также дополнительная информация может быть помещена в электронных средствах массовой информации".

4. В пункте 41 слова "не более пяти банковских дней" заменить словами "не более десяти банковских дней".

II. В названии и в пункте 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 7 сентября 2001 года № 419 "О Регламенте Правительства Республики Таджикистан" на таджикском языке слово "Регламенти" заменить на слово "Дастури".

III. В Регламент Правительства Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 7 сентября 2001 № 419 "О Регламенте Правительства Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

...